IQNA

 Олмон: нафратпароканӣ, озодии баён нест 

6:02 - August 17, 2023
рақами хабар: 351
Олмон (ИКНА) сухангӯи давлати Олмон дар посух ба саволи як хабарнигор дар мавриди беҳурматӣ ба Қуръони Карим тасреҳ кард, ки нафратпароканӣ дар чорчуби озодии баён қарор намегирад.

Ба гузориши Анатолӣ, сухангӯи давлати Олмон имрӯз чаҳоршанбе тайи нишасти хабарӣ бо хабарнигорон дар посух ба пурсиши хабарнигоре дар бораи беҳурматӣ ба соҳати муқаддаси Қуръони Карим дар бархе аз кишварҳои аврупоӣ гуфт: рӯйкарди давлати Олмон дар бораи оташзадани Қуръон мушаххас аст.

Сухангӯи давлати Олмон бо иброз беиттилоӣ аз инки «оё дар дидори нахуст вазири Олмон бо ҳамтои данияӣ худ масъалаи беҳурматӣ ба Қуръон низ матраҳ хоҳад шуд ё на?», изофа кард: рӯйкарди давлати Олмон дар бораи оташзадани Қуръон мушаххас аст. Ин рафторҳо беҳурматӣ ба шумор меоянд. Ҳамчунин бархеҳо ба думболи эҷоди тафриқа бо анҷом додани ин иқдомот ҳастанд. Мо бо ин раванд мухолиф буда ва онро маҳкум мекунем. 

Вай ҳамчунин дар посух ба саволи хабарнигори дигаре дар бораи инки «оё Олмон оташзадани китобҳои муқаддас Қуръон ва Тавротро дар чорчуби озодии баён тафсир мекунд?» посух дод: наметавонам дар бораи тамоми чизҳое, ки дар Дания рух дода, изҳори назар кунам. Озодии баён табиатан дорои арзиши болое аст; Аммо нафратпароканӣ ва иқдомот таҳрикомез дар чорчуби озодии баён қарор намегиранд.

Селван Момика, паноҳҷуи ироқӣ, ки дар 28 июн гузашта таҳти муҳофизати полиси Шветсия, муқобили масҷиди Стокголм нусхае аз Қуръони Каримро сӯзонда буд, пештар ҳам муқобили сафорати Ироқ дар Стокголм Қуръони Карим ва парчами Ироқро зери по гузошта ва шиорҳои алайҳи дини Ислом сар дода буд.

Бисту якуми июл низ аъзои як гурӯҳи зидди Ислом ва ифротӣ дар Дания бо номи ватанпарастони данияӣ нусхае аз Қуръони Каримро дар муқобили сафорати Ироқ дар Копенгаген сӯзонданд.

Аъзои гурӯҳ бо барафроштани банерҳои зидди исломӣ ва сар додани шиорҳои тавҳиномез ба Ислом, парчами Ироқ ва Қуръонро рӯи замин андохта ва рӯи он по гузоштанд.

https://iqna.ir/00HT07

captcha